Дар Душанбе баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавононро баррасӣ карданд

Май 14, 2022 10:31

ДУШАНБЕ, 14.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 13 май дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар  форум таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон-омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.

Чорабиниро муовини директори Агентӣ Музаффар Аҳмадзода вобаста ба саҳми ҷавонон дар паст намудани шиддати коррупсия дар мамлакат суханронӣ намуда, даъват ба амал овард, ки зери сиёсати оқилона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони бо нангу номуси кишвар бо ифодаи олии ифтихори миллӣ барои пойдории сулҳу субот ва якпорчагии Тоҷикистон, инчунин барои аз байн бурдани падидаҳои номатлуби коррупсионӣ саҳмгузор бошанд.

Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Филиппо Кривелларо, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» Абдураҳмон Шарипов ва мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Раҳмонзода оид ба дастовардҳои ҷавонон дар тӯли 30-соли Истиқлоли кишвар суханронӣ намуданд.

Дар  охири чорабинӣ барои меҳнати софдилона, ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас як қатор ҷавонони Агентӣ бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар моҳи июл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пагоҳ Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мешавад
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа​ оид ба саҳми Пешвои миллат дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд