Дар Ню-Йорк тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Испания, Индонезия, Тайланд ва Малдив дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд

Май 8, 2022 10:22

ДУШАНБЕ, 08.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Испания тасмим гирифтаанд, ки дар оянда дар соҳаи сайёҳӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда, онро тақвият бахшанд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Вазири саноат, савдо ва сайёҳии Испания хонум Мария Рейес Марото Иллера дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баррасӣ гардиданд.

Дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон аз аҳамияти рушди самти сайёҳӣ сухан гуфта, оид ба рушди ҳамкории муштарак дар ин самт табодули афкор намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар Ню–Йорк ҳамзамон бо Вазири соҳаи сайёҳӣ ва иқтисоди созандаи Индонезия Сандиага Салоҳиддин Уно вохӯрда, масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.Ҷонибҳо доир ба зарфият ва имконоти сайёҳӣ ва таҷрибаи Тоҷикистон ва Индонезия ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ибрози назар намуданд.

Инчунин дар доираи мубоҳисаи мавзӯии сатҳи баланд, ки зери унвони «Дар маркази таваҷҷуҳ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсозии фарогир» дар Ню-Йорк доир шуд, Тоҷиддин Ҷӯразода бо Вазири соҳаи сайёҳии Малдив Абдулло Мавсум ва Намояндаи доимии Шоҳигарии Тайланд дар СММ Сурия Чиндавонгсе мулоқот анҷом дод. Мусоҳибон аҳамияти рушди соҳаи сайёҳиро таъкид намуда, доир ба густариши ҳамкории дуҷониба дар ин замина табодули назар карданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2022 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод баррасӣ шуд
Дар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 7 ҳазор килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол карда мешавад
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд иштирок намуд
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
Нишасти Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба рақамикунонӣ баргузор гардид
Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон ба шарикони рушд муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон бо Швейтсария ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳад
Фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен кишти зироат идома дорад
Дар бозори марказии Пенза барои фурӯши хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаҳои махсус ҷудо карда шуданд