ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо Узбекистон бозии дӯстона доир мекунад
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ҳамсолони худ аз Узбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
25 май дар варзишгоҳи «Металлург»-и Бекобод бозии дӯстона миёни дастаҳои ҷавонони то 23-солаи Узбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
20 май дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шурӯъ кард. Барои ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 20 то 28 май баргузор мешавад, ба дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (3 июн), АМА (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) мебошанд.
Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);
Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Ҷонибек Шарипов (КМВА), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нуршанов («Истаравшан»);
Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Турон», Узбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарифов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).
И.в. сармураббӣ – Аслиддин Ҳабибуллоев.
Акс: ФФТ








Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд






