Имсол Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Қирғизистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 01.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо -2022 имсол дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ва Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон дар Еревани Арманистон баргузор мешаванд, хабар дод ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.
Пас аз баррасии пешниҳодҳои кишварҳои довталаб барои мизбонии Чемпионати ҷаҳон дархости Федератсияи самбои Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроияи ФИАС ҷонибдорӣ шуд.
Мусобиқа дар шаҳри Бишкек аз 11 то 13 ноябр баргузор мегардад.
Ҳамчунин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасон бо қарори аъзои Кумитаи иҷроияи ФИАС дар шаҳри Еревани Арманистон аз 14 то 16 октябри соли равон доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин риштаи варзиш дастовардҳои варзишгарони тоҷик назаррас аст.
Акмалиддин Каримов соли 2021 нафари панҷум аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар намуди самбо ба дарёфти унвони чемпиони ҷаҳон шарафёб шуд. Соли 2005 Сайриддин Икромов, соли 2009 Эраҷ Раҳимов дар самбои размӣ, соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода ва соли 2018 Хушқадам Хусравов дар самбои варзишӣ чемпиони ҷаҳон шуда буданд.
Самбочиёни тоҷик аз соли 1993 дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд ва то имрӯз 48 медал – 5 тилло, 16 нуқра ва 27 биринҷӣ ба даст овардаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






