МОИ «Кӯлоб» ва ширкати мисрии «TBA AlShatri» дар соҳаи хизматрасонии авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Май 16, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар Душанбе дар доираи ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Миср миёни МОИ «Кӯлоб» ва ширкати мисрии «TBA AlShatri» дар бораи таъсиси корхонаи муштарак дар соҳаи хизматрасонии авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, хабар доданд аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Анҷумани тиҷоратӣ дар чаҳорчӯби сафари сармоягузорон ва соҳибкорони Миср ба Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он беш аз 30 соҳибкор аз Тоҷикистон ва беш аз 10 намояндаи ширкатҳои мисрӣ дар бахшҳои авиатсия, энергетика, сайёҳӣ, дорусозӣ ва ғайра ширкат доштанд.

Зимнан зикр гардид, ки тавофуқи сарони ду давлат, ки дар ҷараёни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Миср моҳи марти соли равон ба даст омада буд, тадриҷан амалӣ карда мешавад.

Ба меҳмонони мисрӣ имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ва ба соҳибкорони Тоҷикистон имконоти сармоягузории Миср пешкаш карда шуданд.

Пас аз имзои санадҳо миёни соҳибкорон ва сармоягузорони ду кишвар мулоқоти дуҷониба баргузор гардид.

Ташаббускорони анҷумани соҳибкорон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Акс: ПСС ҶТ

Май 16, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти такрорӣ 96 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд