Сафири Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Президенти Русия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ мулоқот намуд

Май 11, 2022 08:21

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни иҷрои барномаи  чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Намояндаи махсуси Президенти ФР оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Д. Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз  пешрафти равобити ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории  фарҳангӣ дар бахши санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ, инчунин ташкили намоишгоҳҳои осори санъати муосир, табодули академӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва муштарак, омода намудани кадрҳои касбӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

М. Швидкой таъриху анъанаҳои ғанӣ, инчунин аҳамияти бузурги ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро дар арсаи фарҳангӣ ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои бисёрҷониба зикр намуд.

Дар ин замина бо тамаркуз ба ҳамкории гуногунҷанбаи фарҳангиву башардӯстонаи ду кишвар дар чаҳорчӯби Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангиро, ки соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, хотиррасон кард.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 11, 2022 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия ҳамоиш доир шуд
Нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд