Бори аввал дар Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 7 июл бори аввал дар Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор мегардад, иттилоъ дод сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар».
24 июн дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» баргузор гардид, ки дар он ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани олимпиадаи мазкур ба масъулин ва шахсони вобасташуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад 27 дастаҳои олимпии наврасон бо шумораи 158 нафар хонандагон ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Белорус, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия иштирок менамоянд. Инчунин хонандагон аз давлатҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-ланка, Хитой, Сурия ва Куба бо теъдоди 20 даста, ки шумораи онҳо 134 нафарро ташкил медиҳанд ба тариқи фосилавӣ дар олимпиадаи мазкур ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, ки барои баргузории олимпиадаи мазкур Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 феврали соли 2022 «Дар бораи баргузории Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» ба тавсиб расидааст.
Ҳадаф аз баргузории он амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд, мебошад.
Хотиррасон мешавем, ки аз 1 то 10 июли соли 2021 аз ҷониби Федератсияи Русия Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior» баргузор гардид, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тариқи фомсилавӣ иштирок намуда сазовори ҷойҳои 2 ва 3 гардиданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад






