Дар Душанбе масъалаи тавсеаи ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби умумирусиягии «Единая Россия» баррасӣ гардид

Июнь 8, 2022 11:32

ДУШАНБЕ, 08.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкорӣ миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия»  муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ бо муовини раиси кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия оид ба ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва иртибот бо ҳамватанон, узви шӯрои генералии ҳизби «Единая Россия» Артём Туров мулоқот намуд. Мусоҳибон   пешниҳод карданд, ки байни Ташкилоти умумирусиягии ҷамъиятии «Молодая Гвардия Единой России» ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расида, нақшаи кории он низ мураттаб гардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар  маркази матбуот ва тахлилии Дастгохи КИМ ҲХДТ.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баҳои муносиб дода шуд. Иброз гардид, ки ҳамкории ду кишвар дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ босамар тавсеа меёбанд. Тарғиби фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои маънавии халқҳои Тоҷикистон ва Русия дар муносибатҳои дуҷониба мақоми хосса доранд.

— ҲХДТ аз оғози ташаккулёбии худ ҳадафи асосию стратегӣ – эъмори давлати демократии дунявиро дар асоси бунёди давлати арзанда ва сатҳи зиндагии шоиста ба аҳолӣ эълон намудааст, — гуфт А.Азизӣ дар мулоқот.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ  илова кард, ки «барои амалӣ намудани ин вазифаи афзалиятнок ҳизб таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи устувореро пеш гирифта, ба рушди устувори иқтисодӣ, истиқлоли энергетикӣ ва озуқаворӣ, устувории демократия, таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва дунявӣ талош мекунад ва дар доираи барномаи худ фаъолияти рӯзмарраро ба роҳ мондааст. Сиёсати ҲХДТ дар самти сиёсати хориҷӣ ба зарурати мусоидат ҷиҳати ташаккули системаи муассири равобити  байнидавлатӣ барои таъмини суботи минтақавӣ ва ҳамкории устувори иҷтимоию иқтисодӣ асос ёфтааст».

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки   идома додани ҳамкорӣ дар доираи Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Фраксияи «Единая Россия» дар Думаи давлатии Маҷлиси Федеролӣ  барои тарафайн манфиатбахш мебошад.

Дар заминаи мулоқоти мазкур дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ ва тақвият бахшидани онҳо дар заминаи ба имзо расонидани нақшаи чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба фаъолияти Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия низ баҳои муносиб дода шуда, тақвият ёфтани кори он тибқи талаботи рўз ба манфиати кор  дониста шуд.

Дар мулоқот инчунин роҳбари лоиҳаҳои Раёсати муносибатҳои байналхалқии кумитаи иҷроияи марказии ҳизби «Единая Россия» Николай Журавлёв низ ҳузур дошта, роҷеъ ба самтҳои авлавиятноки лоиҳаҳои ҳизбӣ маълумот дод. Дар рафти суҳбат дигар масъалаҳои ҳамкории ҳизбӣ ва вусъат бахшидани роҳҳои муосири идома додани муколама байни ҳизбҳои сиёсӣ баррасӣ шуданд.

Мулоқот дар фазои озод  ва ҳусни ҳамҷаворӣ доир  гардид.

 Ёдовар мешавем, ки байни ду ҳизби сиёсӣ созишномаи ҳамкорӣ аз 26 феврали соли 2017 амал мекунад. Сатҳи муносибатҳои байниҳизбӣ мусбат арзёбӣ шуда, идома ёфтани муколамаи байниҳизбӣ ба манфиати кор дониста мешавад.

АКС: маркази матбуот ва тахлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Июнь 8, 2022 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Рашт вохӯрии судманд доир гардид
Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд