Дар Парлумон таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо муҳокима шуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи «Рафти иҷрои Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» муҳокимаи парлумонӣ сурат гирифт.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар муҳокимаи парлумонӣ вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода баромад намуда, иброз дошт, ки соҳаи маориф аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти асосӣ ва стратегӣ эълон шуда, омили муҳимтарини таҳкими давлат дар наҷоти миллат эътироф гардидааст.
-Дар баробари ин, таъмини иҷрои нақшаи Барномаи мазкур барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2021 ва семоҳаи аввали соли 2022 нигаронкунанда аст, зеро мувофиқи маълумотномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои нақшаи Барномаи мазкур дар соли 2021 барои харидории кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ танҳо 20 фоиз иҷро гардидааст,-гуфт номбурда.
Зикр гардид, ки масъулин яке аз сабабҳои иҷро нагардидани Барномаи мазкурро дар солҳои 2018- 2020 ва соли 2021 ҷудо нагаштани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин мутамарказ набудани маблағгузории Барнома медонанд. Пас мувофиқи маълумотномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2022 маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Низоми иттилоотии банақшагирӣ ва иҷрои буҷети давлати рўи сатри алоҳида пешбинӣ карда мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки хароҷоти Барнома мушаххас ва мақсаднок амалӣ гардида, натиҷанокӣ ва самаранокии он низ баҳогузорӣ карда шавад.
Дар ин замина, тибқи маълумотномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар буҷети ҷумуриявии соли 2022 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025», маҷмӯан 16,4 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Вале, ба ҳолати моҳи апрели соли ҷорӣ бо назардошти пешниҳод нагардидани дархостҳои молиявӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи мазкур хароҷот нагардидааст. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки азхуд намудани маблағҳои пешбинишуда дар соли 2022 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сифатнок харидорӣ шудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ мусоидат хоҳад кард.
Бинобар ин ба манфиати кор мешуд, агар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ба вазорат ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур ҷудо мегардад, давра ба давра кабинет ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази намунавии фанҳои химия, физика ва биология харидорӣ намуда, дар яке аз мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии маркази ноҳияҳо ва шаҳрҳо насб менамуд. Зеро ин мактабҳо ҳамчун мактабҳои базавӣ дар тарғиб ва иҷрои Барнома кумак намуда, барои гузаронидани курси семенарҳо ба омӯзгорони фанҳои болозикр дар ҳудуди шаҳру ноҳия мусоидат мекунанд.
Аз рӯи масъалаи рӯзнома дар назди ҳозирин ҳамчунин Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода бо ахбороти муфассал баромад намуданд.
Дар анҷоми муҳокимаи парламентӣ қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд.
Акс: МН МО ҶТ