ДИҚҚАТ! Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022» оғоз мегардад

Июнь 23, 2022 18:08

ДУШАНБЕ, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 24 июн дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022» ба кори худ оғоз менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноат ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, то  26 июн идома меёбад.

Дар Намоишгоҳ молу маҳсулоти зиёда аз 70 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Мақсад аз баргузории намоишгоҳ муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.

Дар доираи баргузории  Намоишгоҳ  инчунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти босифати ғизоӣ ва саноатӣ барои меҳмонон ва сокинон бо нархҳои дастрас ташкил карда мешавад.

 АКС: Маркази матбуотии ПСС ҶТ

Июнь 23, 2022 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт