ҲХДТ номзадашро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Фирдавсӣ №1 пешбарӣ намуд

Июнь 25, 2022 10:09

ДУШАНБЕ, 25.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн Конференсияи якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Фирдавсӣ №1 баргузор шуд. Дар конференсия номзадии Маҳмадалӣ Қурбонзода аз ҷониби ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардид.

Тавре дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вобаста ба масъалаи рӯзномаи конференсия муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода оид ба ҳаёт ва фаъолияти кории номзади пешбаришаванда Маҳмадалӣ Қурбонзода маълумот дод.

Тибқи моддаи 31-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандата аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ тавассути конференсияҳои онҳо сурат мегирад.

Дар конференсия номзадии Маҳмадалӣ Қурбонзода аз ҷониби ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаии Фирдавсӣ №1 пешбарӣ гардида, ба тариқи пинҳонӣ райъи худро доданд.

Инчунин дар кори конференсия аз тарафи мақомоти болоии ҲХДТ дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ таъйин намудани Гулчеҳра Ғанизода муаррифӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2022 дар бораи таъйин кардани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рўдакӣ №9 ва Данғара №36 ба тавсиб расид.

Хотиррасон мешавем, ки 14 августи соли 2022 дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рўдакӣ №9 ва Данғара №36 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда баргузор мегардад.

АКС: КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

Июнь 25, 2022 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид