Имрӯз дар Душанбе Пешвоёни Эътилофи обу иқлим «Нақшаи чорабиниҳо оид ба барномаи ҳамгирошудаи об ва иқлим»-ро тасдиқ карданд

Июнь 4, 2022 15:22

ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/.  «Ташаббуси чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ гардидаанд, давлатҳои ҷаҳонро ба хотири ҳифзи захираҳои обу энергетика  муттаҳид месозад». Конфронси дуюми байналмиллалӣ дар шаҳри Душанбе «Таъмини амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки дар Душанбе баргузор мегардад, инчунин дигар чорабиниҳо дар доираи конфронс марҳилаи муҳими омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии ҳамаҷонибаи Ҳадафҳои миёнамуҳлати ин даҳсола дар соли 2023 дар Ню Йорк мебошанд», — гуфт раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода дар нишасти матбуотии  оид ба  натиҷаи нишасти сеюми «Пешвоёни Эътилофи обу иқлим», ки рӯзи 4 июн дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар.

Дар кори ҷаласаи имрӯза Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре обуҳавошиноси финландӣ, Дабири кулли  Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Петтери Таалас дар суханронии худ зикр кард, ҷаласаи имрӯза дар сатҳи баланди ташкилӣ имкон дод, ки иҷрои ҳадафҳои дар пеш гузошташуда ва аҳамияти мушкилоти тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва таъсири манфии онҳо ба кишоварзӣ баррасӣ шавад. «Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дарк кунад, ки захираҳои обӣ бояд натанҳо барои истеъмоли инсон, балки барои рушди иқтисодиёт ва саноат низ зарур аст. Тағйироти куллии муносибати тамоми ҷаҳон ба об ҳамчун асоси ҳаёт, омили асосии сулҳу субот ва рушд тақозо мешавад. Натиҷаи аввалини кори “Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим” бояд дар чаҳорчӯби Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамӯҳлати иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 дар Ню Йорк баргузор мешавад, пешниҳод гардад”-гуфт Петтери Таалас.

Сипас, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа суханронӣ намуд, ки ахамияти проблемаи мухокимашавандаро низ кайд намуда, дар бораи нақшаву  механизмҳои ҳалли проблемаҳои об сухан ронд. «Дар рафти вохӯрӣ нақшаҳо ва чораҳои минбаъда муайян карда шуданд. Бояд гуфт, ки ҷавонон дар чорабиниҳои имрӯза бахшида ба мушкилоти об фаъолона ширкат меварзанд, ки ба татбиқи барномаю лоиҳаҳои муҳими ҳалли мушкилоти экологӣ мусоидат мекунанд», — гуфт ӯ ва афзуд, ки лоиҳаҳои озмоишӣ, ки ба ҳалли мушкилот дар ин самт мусоидат мекунанд, низ баррасӣ шуданд.

Дар натиҷаи ҷаласаи 3-юми «Пешвоёни Эътилофи об ва иқлим» «Нақшаи чорабиниҳо оид ба Рӯзномаи ҳамгирошудаи об ва иқлим» тасдиқ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Созмони Милали Муттаҳид-Об як Панели сатҳи баланд оид ба об ва иқлим таҳти унвони «Пешвоёни Эътилофи об ва иқлим» таъсис дода шуда буд, ки бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи  Рӯзномаи  глобалӣ оид ба об ва иқлим 16 нафар сиёсатмадорон ва коршиносони аршадро дарбар мегирад.

Ба Эътилофи об ва иқлим аз сарони кунунӣ ва собиқи давлатҳо/ҳукуматҳо, вазирон, роҳбарони ниҳодҳои СММ ва дигар созмонҳои байниҳукуматӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва ҷавонон дар сатҳи олӣ шомил мебошанд.

Бо назардошти саҳми арзандааш дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин даъватшудагон ба Панели сатҳи баланд оид ба об ва иқлим мебошанд.

Аз замони таъсисёбӣ инҷониб ду ҷаласаи  Панели  Эътилофи об ва иқлим баргузор шуд, ки дар он роҳбарон ташаббусҳои асосии дар чаҳорчӯби ҳайати сатҳи баланд пешниҳодшударо, ки ба ҳалли масъалаҳои об ва тағирёбии иқлим нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар натиҷаи чорабиниҳо ҳуҷҷати ҷамъбастии «Даъват ба амал» қабул гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи он таҳия намоянд. Ҳамчунин, роҳбарони Эътилофи об ва иқлим ӯҳдадор шуданд, ки системаи глобалии иттилоотии оид ба захираҳои  обро барои пур кардани холигиҳо дар интиқоли маълумоти боэътимод ва иттилооти амалӣ созанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худашон  дар ҷаласаи 1-уми Панели сатҳи баланди  «Пешвоёни Эътилофи обу иқлим» дар моҳи марти соли 2021 пешниҳод намуданд, ки соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.

Ҳадафи аслии ин иқдом баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ва мусоидат ба таҳияи тадбирҳо барои рафъи паёмадҳои эҳтимолии обшавии онҳо мебошад.

Тоҷикистон ин ташаббусро дар чаҳорчӯбаи Панели раҳбарони Эътилофи об ва иқлим ва дигар рӯйдодҳои муҳими марбут ба соҳаҳои  об ва иқлим фаъолона пеш мебарад. Пешнависи Қатънома дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо моҳи ноябри соли 2022 ба Маҷмаи умумии СММ пешниҳод хоҳад кард. 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Тоҳирҷон САИД /АМИТ «Ховар»

Июнь 4, 2022 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ESCAP ва UNECE баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Императори Ҷопон эътимоднома супорид
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон задухӯрди мусаллаҳонаро дар Умон қотеона маҳкум кард
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси дипломатҳои ҷавон баррасӣ гардид
Дар Риёз мулоқоти сафирони Тоҷикистон ва Чин дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар маросими кушодашавии XXXIII Фестивали байналмилалии санъат «Славянский базар» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон эътимоднома супорид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид тақвият меёбад
Ҳоким Холиқзода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Шаҳри Магдебурги Олмон мизбони Мусобиқаи варзишӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид