Имсол Тоҷикистон дар майдони беш аз 10 ҳазор гектар кишти такрории шолӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи дурнамои сохтори кишоварзӣ, соли равон дар Тоҷикистон дар майдони 10 ҳазору 671 гектар кишти такрории шолӣ ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат.
Тибқи маълумоти омории ба ҳолати 1 июни соли равон, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 8401,6 гектар кишти шолӣ гузаронида шудааст.
Сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат Музаффар Азизов гуфт, ки биринҷ яке аз ғалладонаҳои бештар истеъмолшаванда дар ҷаҳон дониста мешавад, зеро баъд аз ғалладонагӣ дар ҷаҳон аз ҷиҳати майдони кишт ва ҳосил ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Олимони кишоварзӣ бар он назаранд, ки дар Тоҷикистон 13 навъи биринҷ парвариш карда мешавад. Истеъмоли солонаи биринҷ барои як нафар дар Тоҷикистон аз 12 то 15 кг рост меояд.
Музаффар Азизов иброз намуд, ки «бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ захира намудан бештар тавсия дода мешавад. Ҳосили шолиро бе коркард барои чанд сол захира намудан имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзонро зарур аст, шолиро ҳарчи бештар захира намуда, бо ин роҳ ҳамеша фаровон будани биринҷро дар бозори истеъмолӣ таъмин намоянд».
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар пасманзари пандемияи коронавирус соли 2020 барои ду сол захира намудани маҳсулоти ниёзи аввал, даъват карда буданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон бояд бозори дохилиро бо маҳсулоти худӣ таъмин намуда, кишти картошка, ғалладона ва ҷуворимаккаро зиёд намояд. Тавлиди маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум — орд, равғани растанӣ ва биринҷ афзоиш дода шавад».
Доир ба захираи ин навъи маҳсулот доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов чунин тавсия медиҳад, «Ин навъи маҳсулотро дар кишвари мо ҳар як оила истифода менамояд. Агар шароит риоя шавад, онро метавон муддати тӯлонӣ нигоҳдорӣ намуд. Мисли лӯбиёгиҳо, биринҷ бояд дар қуттиҳои ҳавоногузар, дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шавад. Ба сифати борҷома беҳтар аст, ки зарфҳои пластикии хоси маводи ғизоӣ (PETE) ва зарфҳои шишагӣ истифода шаванд ва онҳо бояд маҳкам пӯшида шаванд».
Чуноне таҳқиқоти дар Донишгоҳи давлатии Utah State University (бузургтарин ва муҳимтарин муассисаи таҳсилоти олии иёлоти Ютаи ИМА) гузаронидашуда нишон медиҳад, агар ин шароитҳо риоя шаванд, биринҷро то 30 сол нигоҳ доштан мумкин аст ва дар ин муддат вай таъми лазиз ва бӯйи хуши худро гум намекунад. Бояд зикр кард, ки дар таҳқиқот 2 навъи биринҷ — сайқалёфта ва бухордодашуда истифода шудааст.
Шолӣ зироати тропикӣ буда, ба намӣ ва гармии зиёд ниёз дорад. Мутахассисон тавсия менамоянд, ки заминҳои шолизор ҳатман тирамоҳ шудгор карда шаванд. Зеро замин дар киштзори шолӣ доимо таҳти об буда, барои нафаскашӣ оксиген намерасад. Инчунин пеш аз шудгори тирамоҳӣ ба як гектар пошидани 200-400 кг суперфосфат зарур дониста мешавад. Чунки шолӣ то 25-30 фоиз вазни худ об меҷабад ва дар ҳарорати +15 +16 дараҷа гарми ба сабзидан шурӯъ мекунад. Чӣ қадаре ки ҳарорати об баланд бошад, ҳамон қадар сабзиши шолӣ меафзояд.
Мавриди зикр аст, ки табибон шифобахшии биринҷро таъкид намуда, барои рафъи чандин бемориҳо хӯрдани онро тавсия медиҳанд. Ба андешаи онҳо, истифодаи мунтазами биринҷ хавфи гирифтор шудан ба бемории саратон, яъне омоси рӯдаро камтар мекунад. Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад, ки он асабро ором намуда, ба пӯст беҳбудӣ бахшида, нохун ва муйро дар ҳолати хуб нигоҳ медорад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






