Кишоварзони Кӯлоб заминҳои корамро самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил мерўёнанд
КЎЛОБ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти «Зарбдор»-и шаҳри Кӯлоб кооперативҳои тиҷоратӣ, хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ корҳои саҳроиро вусъат бахшида, бо тавсияи мутахассисони соҳа корҳои агротехникиро дар заминҳои кишт сари вақт мегузаронанд. Айни замон аксари деҳқонон ҳосили ғалладонагиҳоро ҷамъоварӣ карда, бо истифода аз шароити мусоид кишти такрорї гузаронида истодаанд. Дар ҷамоати деҳоти мазкур кооперативи тиҷоратии «Хатлон» яке аз хоҷагиҳои калонтарин ба шумор меравад. Аъзоёни кооперативи мазкур дар кишту парвариши пахта таҷрибаи хуб доранд ва ҳамасола майдони кишти ин намуди зироатро бо истифода аз навъҳои ба шароити иқлими минтақа мутобиқ кишту парвариш менамоянд.
Тавре раиси кооперативи тиҷоратии «Хатлон» Суҳроб Наимов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар кооперативи тиҷоратӣ ҳар як гектар замин самаранок истифода бурда шуда, дар натиҷаи заҳмати деҳқонон ҳамасола аз он ду се ҳосил ба даст оварда мешавад, ки бозори истеъмолиро бо ҳар гуна сабзавот ва зироатҳои полезӣ фаровон месозад.
«Як қисми хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба парвариши чорво машғул мебошанд, дар ин мавсим мекўшанд ҳар чи бештар хӯроки дурушти чорво захира намоянд. Дар захираи хӯроки чорво аз алафҳои табиӣ ва коҳи ғалладонагӣ истифода менамоянд ва баъди ҷамъоварии коҳу беда дар заминҳои корами обӣ кишти такрории зироатҳои хоҷагии қишлоқ мегузаронанд. Айни ҳол барои кишти такрорӣ мушкили пеш наомадааст, чунки техника ва мошинолотҳои зарурӣ дар заминҳо мерасанд ва ба кор шуруъ намудаанд», — афзуд Суҳроб Наимов.
АКС: АМИТ «Ховар»









Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






