«МИННАТДОРИИ МАРО БА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН БО СУХАН БАЁН КАРДАН ДУШВОР АСТ». Чунин нигоштааст давандаи австралиягӣ Мина Гули дар саҳифаи худ дар «Facebook»

Июнь 21, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, шаҳрванди Австралия Мина Гули аз 15 май то 10 июн бо дави беназири худ дар Тоҷикистон дар 11 марафон бахшида ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ширкат кард. Ӯ ҳамчунин дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе, ки аз 6 то 9 июн баргузор шуд,  ширкат намуд.

Дар маҷмӯъ, давандаи австралиягӣ аз 200 марафоне, имсол дар пешорӯи нишасти Конфросни оби СММ-2023 ба нақша гирифта буд, аллакай 40-тоашро анҷом дод. Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор мешавад.

Мина Гули пас аз бозгашт аз Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук навиштаҳои зиёде гузоштааст.  Биёед баъзе аз онҳоро якҷоя мехонем. 

7 июн — соат 16:33. Рӯзи шанбе ман марафони 40-умро анҷом додам. Вақте мо «Fun Run»-и Душанберо дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баргузор кардем, ҳазорон нафар иштирокчиён ба марафон ҳамроҳ шуданд, то ба об овоз диҳанд.

Иштирокчиён ё масофаи умумиро тай карданд ё барои 6 км саёҳат ба мо ҳамроҳ шуда, ҷонибдории дастҷамъонаи моро барои расидан ба ҳадафоямон нишон доданд.

8 июн — соат 14:41. Дирӯз ба ман муяссар шуд, ки дар бораи сафарам ба Тоҷикистон нақл кунам. Ин аст поре аз он, ки ман гуфтам: «Ҳоло ман аз 200 марафоне, ки ба нақша гирифтаам дар пешорӯи Конфронси оби СММ-2023 тай кунам, 40-тоашро анҷом додам. Рости, ин яке аз душвортарин корҳоест, ки ман то ҳол анҷом додаам. Аммо ҳадафҳои бузург бояд барои озмоишҳои душвор омода бошанд. Масалан, давидани марафонҳо дар хатти пеши буҳрони об дар ҷойҳои шадидтарини сайёра ё андешидани чораҳои мушаххас дар бораи об. Бе ҳамаи шумо, ин ҷомеа, сиёсатмадорон ва мансабдорони давлатӣ ба ин ҳадаф расида наметавонам».

10 июн — соат 11:29. «Ҳангоми сафар ба Тоҷикистон мо шарафёб гардидем, ки сеҳри дарёи Панҷро, ки аз дара ҷорӣ мешавад, бубинем. Мо инчунин дидем, ки дар канори дигари ин  минтақа чӣ гуна душвор аст, вақте дарёҳои калон хушк мешаванд. Ҷое, ки об ҳаст, он ҷо ҳаёт ҳаст».

12 июн — соати 19:00. «Кӯдакон дар Тоҷикистон бо шавқ садо мекарданд: «Хуш омадед!», «Хуш омадед!», — ин ба ман илҳом мебахшид. Кӯдаконе, ки имрӯз тағйир додан ва барои тағйирот якҷоя кор карданро меомӯзанд, дар оянда подош хоҳанд гирифт.

Кӯдакони зиёде дар давҳои гуногун дар Узбекистон ва Тоҷикистон ба мо ҳамроҳ шуданд. Ин ба ман умед мебахшад, ки бисёре аз наслҳои навраси мо барои баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи буҳрони об  ҳавасмандӣ доранд. Кӯдакон заминро аз мо мерос мегиранд, оташ ва садоқати онҳо дар ин кор ба манн нирӯ мебахшад, ки онҳо мехоҳанд тағйирот ворид кунанд.

13 июн — соати 13:39.  Миннтдории маро ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сухан  баён кардан душвор аст, онро ки  то чӣ андоза ман аз Ҳукумати Тоҷикистон, мансабдорони воломақом ва нафароне, ки тайи чанд ҳафтаи охир бо онҳо мулоқот доштам, миннатдорам. Давидан аз байни деҳаҳои маҳаллӣ, боздид аз пиряхи Федченко ва сипас дар ҷараёни конфронс дар Душанбе дар <…> муколама суханронӣ кардан — муҳимтарин қисми сафари мо буд».


14 июн — соат 18:03. « Рӯзи дар Шаҳритус – шаҳре дар вилояти Хатлон, дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон буданамро дар ёд дорам, ки аксарияти кулли сокинонаш бо кишоварзӣ машғуланд. Соли 2004, вақте қонунҳои кишоварзӣ фарогиртар шуданд, <…> занон тавонистанд дар баробари мардон дар замин кор кунанд.

Картошка асоси ғизои Тоҷикистон аст. Вилояти Хатлон бо истеҳсоли қариб 50%-и ҳосили картошкаи Тоҷикистон машҳур аст.   Соли 2021 ҳосили картошка аз ҳисоби тақсими 100 тонна тухмии   хушсифат ба соҳибкорони хурд аз ҷониби Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) дар ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) ва Вазорати кишоварзии ҶТ беш аз 100 ҳазор тонна афзоиш ёфтаст…».

***

Қаблан дар мусоҳибааш бо телевизиони «ТВ Варзиш»  Мина Гули  зикр карда буд, ки сафар ба Тоҷикистон барояш бисёр муҳим аст, зеро Ҳукумати кишвар дар масъалаи об нақши қавии пешсафӣ дорад.

«Ман интизор набудам, ки Тоҷикистон пур аз чунин кӯҳҳои зебост. Тӯли муддати тамоми давҳоям ин гунаашро боре дар ягон кишвари дигар надидаам, ҳайратангез аст!» — гуфт бо  ваҷд Мина Гули.

Ӯ нақши асосии худро дар Осиёи Марказӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи буҳрони об, нишон додани ҳадди мушкилоти пайдошуда ва ташвиқи иқдомот барои ҳалли он арзёбӣ карда буд.


Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд