Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тосихиро Аики мулоқот анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аики мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷопон мавриди музокирот қарор дода шуд.
Рустами Эмомалӣ Тосихиро Аикиро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Ҷопон ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд. Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд.
Ҷонибҳо манфиатдории худро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷопон, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, маориф, сохтмони роҳу пулҳо, рақамикунонии самти обу корезӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногун таъкид намуданд.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе










Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид






