Шиноварони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон-2022 ширкат мекунанд

Июнь 14, 2022 14:37

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар 19-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ, ки аз 18 июн то 3 июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, ширкат мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар чемпионати ҷаҳон ду варзишгар – Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов бо роҳбарии сармураббӣ Екатерина Измайлова намояндагӣ мекунанд.

Чемпионат соли 2021 дар Фукуокаи Ҷопон ба нақша гирифта шуда буд, вале пас аз мавқуф гузошта шудани Бозиҳои олимпии Токио ба соли 2021 ба соли 2022 гузаронида шуд. Бо вуҷуди ин, дар моҳи январи соли 2022 эълон гардид, ки чорабинӣ дар Фукуока бо сабаби таъсири варианти “Omicron” ва чораҳои пандемия дар Ҷопон бори дуюм ба соли 2023 мавқуф гузошта мешавад.

7 феврали соли 2022, Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) эълон кард, ки Будапешт мизбони чемпионати ғайринавбатӣ аз 18 июн то 3 июли соли 2022 хоҳад буд.

Будапешт бори дуюм аст, ки чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обиро мизбонӣ мекунад. Чорабинӣ 5 сол пеш, соли 2017 дар пойтахти Маҷористон доир шуда буд.

Дар маҷмӯъ, варзишгарон барои 74 маҷмӯи медалҳо дар панҷ равия – шиноварӣ, шиноварӣ дар оби кушод, ҷаҳиш ба об, шиноварии синхронӣ ва тӯббозӣ дар об қувва  месанҷанд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июнь 14, 2022 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
Байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «361»-и Чин созишнома ба имзо расид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии санҷишӣ тими миллии Чинро бо ҳисоби калон мағлуб намуд
ҶУДО. Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абузабӣ баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд
Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии Гран – Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад