«Сулҳ ройгон ба даст наомадааст, бояд ба қадраш бирасем!»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Июнь 24, 2022 11:14

ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида нашрияҳои даврии Тоҷикистон кадом воқеаву рӯйдодро аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии мамлакат мавзӯи меҳварӣ қарор доданд ва дар саҳифаҳои рӯзномаву ҳафтаномаҳо кадом матолиб барои хонандагон ҷолибтару хонданӣ маҳсуб мешуд? Доир ба ин мавзӯъ шарҳи  матбуот аз АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад. 

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи  №119 (24 478), сешанбе, 21 июни соли равон таҳти сарлавҳаи «Ваҳдати миллӣ пойдовори давлати миллист», «Ояндаи мо аз худи мо вобаста аст!», «Иқтисоди миллӣ. Андешаҳои Ашурбой Солеҳзода вобаста ба пешгирӣ аз таъсири хавфҳои эҳтимолӣ», «Театри опера ва балет…» ва зери рубрикаи «Тоҷикистон» хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат нашр намудааст.

Муаллифи маводи «Ваҳдати миллӣ пойдовори давлати миллист» академики АМИТ М.С. Имомзода нигоштааст: «Бо файзи истиқлолият тоҷикон соҳиби давлати миллӣ гардиданд, ки ормони ҳазорсола буд. Дар остонаи истиқлолият барои миллати азиятдидаи мо кулфати бузург – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пеш омад. Шукр, ки ақли солим ғолиб омад ва миллати тоҷик бо роҳнамоиву ҳидояти фарзанди қаҳрамони худ – Эмомалӣ Раҳмон истиқлолият ва давлати миллии худро бунёд ва нигоҳ дошта тавонист.

Неъмати истиқлолият дар давоми се даҳсола он гардид, ки халқи тоҷик эҳсоси таҳаммулгароиву ҳақпарастиро тақвият бахшида, анъанаҳои таърихии соҳибмаърифату соҳибтамаддунии хешро собит намуд. Ин фарзия ба он ваҷҳ аст, ки давлати тоҷикон дар давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ муносибатҳои худро бештар аз рӯи принсипи ҳамгироиву таҳаммулгароӣ бо ҳамсояҳои дуру наздик нигоҳ дошта, бо эътирофу эҳтирому эътимоди дигарон аркони давлатдории миллиро устувортар мегардонад…». Хонанда имкон дорад, ки давоми матлабро аз ин шумора  мутолиа намояд.

Ҳамчунин дар ин шумора хонанда метавонад аз рубрикаи «Ҷаҳон» ва «Ҷаҳон дар як сатр»  аз навигариҳои  олам огоҳ шавад.

Дар шумораи №118 (24 477), душанбе, 20 июни соли равон «Ҷумҳурият»  таҳти сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ тақозои замон аст!» суханронии Сарвари давлатро  дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, ки 18 июни соли равон дар ноҳияи Данғара доир шуд, инчунин  таҳти сарлавҳаи «Идомаи сафари кори Пешвои миллат дар вилояти Хатлон» ҷараёни боздиди Сарвари давлат аз рафти кишту кори кишоварзиро аз ноҳияҳои Данғара ва ба истифода додани иншооти иҷтимоиро  ба нашр  расонидааст. Инчунин дар ин шумора матлабҳои гуногун  доир ба мавзӯъҳои муҳими  рӯз мавриди таҳлил қарор дода шуда, пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи сешанбе, 21 июн №77 (4497) таҳти унвони «Аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо обӣ масъалаи ҷиддии ҳалталаб аст» суханронии Сарвари давлат дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлонро нашр намудааст, ки дар он Пешвои миллат зикр намудаанд, ки  «… ҳарчанд, ки майдони кишт дар вилоят нисбат ба соли гузашта тағйир наёфтааст, вале зиёда аз 16 ҳазор гектар заминҳои обӣ ва қариб 2 ҳазор гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуд аст…». Хонанда имкон дорад, ки матни суханронии  пурраи Сарвари давлатро доир ба вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Хатлонро дар ин шумора  мутолиа намояд.

Дар ин шумора ҳамчунин мақолаҳо таҳти унвони «Ёр дар шодиву ғам моем…», «Сиёсинамоии журналистика ва таъмини амнияти иттилоотӣ. Чаро баъзеҳо аз омили аввал барои ҷанбаи дуюм монеа месозанд?»,  «Баҳси замин дар Муъминобод кӣ ҳақ аст?», «Дарахте, ки зуд сарватманд мекунад» ва ғайраҳо рўи чоп омадаанд.

Рўзномаи «Садои мардум» дар шумораи 23 июн (№78 (4498)  матолиби ҷолибро манзури хонандагон намудаааст. Мақолаи  «Сулҳ ройгон ба даст наомадааст, бояд ба қадраш бирасем!» аз ҷумлаи онҳост.

Муаллифи ин мавод дотсенти кафедраи фанҳои дақиқ ва забонҳои Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Ҳабибулло Сайхонов  чунин нигоштааст: «Мутаассифона, ҳанӯз ҳам шахсон ва гурӯҳҳои алоҳида мавҷуданд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ваҳдату суботи кишвари соҳиб­истиқлоламонро халалдор созанд ва вазъиятро ноором гардонанд. Албатта, ба муқобили чунин гурӯҳу нафарони бадхоҳ бояд аз ақлу хирад кор бигирем ва зирак бошем. Бояд ба қадри оромии кишвари азизамон бирасем ва фаромӯш насозем, ки сулҳу сафои ҳозираи кишвар осон ба даст наомадааст.

«Народная газета» — нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №26 (20359),  22 июни соли равон  хабару гузоришҳоро  оид ба сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумора хонанда метавонад маводи зеринро таҳти сарлавҳаҳои «М. Файзуллозода: «Таджикистан успешно достигает поставленной стратегической цели», «Зариф Ализода: «27 июня-день торжества разума, единства и сплоченности», «Эмомали Рахмон-спаситель государства таджиков» ва хабару гузоришҳои омоданамудаи рӯзноманигори ин нашрияро  дар самти иҷтимоию иқтисодӣ  ва  фарҳангию варзишӣ  мутолиа  намояд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №24 (1370), чоршанбе, 22 июни соли 2022 дар баробари дигар нашрияҳо иштирок ва суханронии Пешвои миллатро  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон инъикос намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидаанд. Аз ҷумла,  метавон аз маводи  «Хушбахтии модарон аз ваҳдат аст», «Ҳамдилӣ моро ба қуллаи мурод мебарад», «Имиҷи сиёсии намояндаи халқ» маълумот пайдо намуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Июнь 24, 2022 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид