БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Барои таҳияи рамзи шаҳри Хоруғ озмун эълон гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар ҳошияи оғоз гардидани марҳилаи нави рушд ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи рамзи шаҳр озмун эълон менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, рамзи шаҳри Хоруғ бояд тамоми хусусиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ҷуғрофии шаҳрро дар худ инъикос намояд.
Зикр карда шуд, ки дар озмун ташкилоту корхонаҳои полиграфӣ-чопӣ ва дизайнерон, ки истеъдоди офаридани рамзу ангораҳоро доранд, метавонанд ширкат варзанд .
Озмун дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ғолиби озмун бо диплом ва мукофоти пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ қадрдонӣ карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд то 10 июли соли 2022 дар шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хоруғ худро номнавис намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён 171 иншоот бунёд карда мешавад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳоти шаҳри Турсунзода иншооти иҷтимоиву варзишӣ ва роҳи маҳаллӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон биноҳои нави иловагии таълимӣ бунёд карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
35 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Панҷ 216 иншоот ба истифода дода шуд
Дар Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол идома дорад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад






