Фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод»-и АМИТ «Ховар» натиҷагирӣ гардид

Июль 9, 2022 13:53

ДУШАНБЕ, 09.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 8 июл дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Агентӣ —Раиси ташкилот  Саидалӣ Сиддиқ, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Садриддин Ширинбекзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён ва аъзои ташкилот маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Маҷлиси ҳизбӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, нахуст Раиси ташкилот дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дод ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи он ироа гардид.

Зикр карда шуд, ки ташкилоти  ибтидоии ҳизбӣ  дар давраи ҳисоботӣ (аз июни соли 2021 то июни соли 2022)  дар ҳамдастӣ бо  мақомоти марказӣ, шаҳрӣ ва нохиявии ХХДТ як зумра корҳоро сомон додаанд. Аъзои ҳизб ва дигар кормандони  агентӣ дар тарғиби арзишҳои миллӣ, татбиқи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 саҳми муносиб гузошта, дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуданд.

Сипас аз рӯйи масъалаи дигари маҷлис бо пешниҳоди аъзои ҳизб раёсати ташкилоти ибтидоии “Эҷод”, раис, муовини раис ва котиб аз нав интихоб гардиданд. Инчунин се нафар вакилон барои ширкат дар Конференсияи 35-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе , ки 29 июли соли равон доир мегардад, интихоб карда шуданд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ Садриддин Ширинбекзода бобати таҳкими давлатдории миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани худогоҳӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, садоқат ба Ватан, миллат, Президент, хизмати содиқонаву дастгирии самимонаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ суханронӣ намуд.

«Боиси зикри хос аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тӯли чаҳоряк аср талош дорад. Тоҷикистонро ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ, дӯстӣ, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирӣ идома медиҳад»- изҳор кард Садриддин Ширинбекзода.

Дар идомаи маҷлис Абдураҳим Шоҳиён оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханронӣ намуд. Мавсуф тазаккур дод, ки маҳз Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар ҳама вазъият дар назди мардум бошанд ва исбот намоянд, ки ҳамеша дастгиру мададгори халқ мебошанд. Ин аст, ки рӯз аз рӯз аъзою ҷонибдорони ин ҳизби мардумӣ зиёд гашта, туфайли қувваи бузурги ҳизбиёну ҷонибдорон мақом ва манзалати он низ дар ҷомеа боло меравад.

Комёбии ҲХДТ ҳамчун ҳизби сарвар ва раҳнамо маҳз да ҳамин сарвату дороии ҳизб, ганҷинаи тиллоии он – нерӯи бузурги зеҳниву ақлонии аъзои он мебошад. Дар сафи ҳизб намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиён, олимону адибон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, муҳандисон, коргарон, кишоварзон, соҳибкорон, собиқадорону шахсони обурӯманди кишвар ҷамъ омадаанд.

Ҳамзамон, А.Шоҳиён фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Эҷод”-ро дар давраи ҳисоботӣ назаррас арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки нақши ҳизбиёни кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум назаррас аст.

Дар фарҷоми маҷлис ба ҷавононе, ки нав ба узвияти ҲХДТ қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. 

                                                                              София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

                                                                                       АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2022 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Муассисаи таълимии деҳаи Даҳкати ноҳияи Деваштич синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор гирифт
Ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати рушди таҳсилоти олии касбӣ густариш меёбад
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд
«ОМӮЗГОРИ СОҲИБКАСБ — МИЛЛАТИ БОСАВОД». Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои маориф иштирок доранд
«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023». Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун оғоз ёфт
Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти илму маориф лоиҳаҳои муштаракро татбиқ менамоянд
Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд имкони беҳтарин аст
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ин мақсад хонишҳои сиёсӣ гузаронида мешавад
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия ҳамкориро тақвият медиҳад
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФИ ДУШАНБЕ. Бо мақсади табодули таҷриба гурӯҳи корӣ ба Тошканд сафар намуд
«ОМӮЗГОРИ СОЛ-2023». Муаллими Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид