Лигаҳои футболи Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Лигаи касбии футболи Узбекистон таҳти роҳбарии директори генералӣ Диёр Имомхоҷаев бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Директори генералии Лигаи касбии футболи Узбекистон Диёр Имомхоҷаев, сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Лигаи касбии футболи Узбекистон Зоҳирҷон Акрамхонов, роҳбари шуъбаи маркетинг Аббосхон Аҳроров ва сардори шуъбаи рушди дастаҳо Онгар Ҷалимов ба қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарияти Лигаи футболи Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбари лига Сайвалӣ Шоқурбонов мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкории минбаъдаи ду лигаи футболро муфассал баррасӣ карданд. Илова бар ин, ҳайати Лигаи касбии футболи Узбекистон аз маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар гӯшаи зебоманзари ноҳияи Варзоб дар ҳоли бунёдшавист ва пойгоҳи тамринии дастаҳои мунтахаби ҳама категория ва синну солҳо хоҳад буд, дидан намуд.
Ҳамчунин меҳмонон дар бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «Е» миёни дастаҳои «Суғдиёна» (Узбекистон) ва «Алтин Асир» (Туркманистон) – 3:1 ширкат карданд.
Акс: ФФТ








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






