Паҳлавонони тоҷик ба даври ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон 20-21 июл дар пойтахти Тайиланд — шаҳри Бангкок ҷараён дорад. Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ду паҳлавони шинохтаи тоҷик — Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов- ҳарду дар вазни то 81 кг ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон иттилоъ дод.
Нахуст Сунатулло Лоиқов дар даври аввали рақобатҳо бо варзишгари Тайпеи Чин – Ли Вей Сун рӯи татамӣ мубориза бурд. Дар сонияҳои охири рақобат Сунатулло бо имтиёзи иппон муқобили ин варзишгари таҷрибадор зафар ёфт ва ба даври 1/4-ниҳоии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба дзюдо роҳ ёфт. Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар вазни то 81 кг бо шикаст додани Парвендер Парвенд аз Ҳиндустон ба марҳилаи ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё миёни ҷавонон баромад.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз варзишгари дигари тоҷик Суруш Эркаев барои ба даст овардани медали биринҷии вазни то 60 кг бо варзишгари муғул Мандсайхан Нйамсурен рақобат карда, бо имтиёзи иппон шикаст хӯрд ва дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба гӯштини дзюдо зинаи 5-умро соҳиб шуд.
То ба ин марҳила расидан варзишгари тоҷик Суруш Эркаев бар Алҳассан Сугҳаййир аз Арабистони Саудӣ, Каттион Фуинои аз Тайланд ва Нурканат Серикбайевро ғолиб омода буд.
Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарони соли таваллудашон 2002-2007 аз рӯи 14 вазн (бонувон: -48кг, -52кг, -57кг, -63кг, -70кг, -78кг, +78кг; мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг) ширкат меварзанд.
Ба ин мусобиқаи сатҳи баланд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 варзишгари шинохта – Сируш Эркаев дар вазни то 60кг, Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов- ҳарду дар вазни то 81кг сарфарбар гардидаанд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар чемпионати мазкур 163 варзишгар аз 15 кишвари қораи Осиё ширкат доранд.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






