Соли равон 92 адад корхонаҳои хурду калони Хуҷанд ба маблағи беш аз 357 млн. сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол намуданд

Июль 16, 2022 10:23

СУҒД, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби 92 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 357,4 млн. сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74,6 млн. сомонӣ ё 26,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

14 июл Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба 647,3 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74,1 миллион сомонӣ ё 12,9 дар сад афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор ба маблағи 191,8 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26 дарсад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.

Дар ин давра 8 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 177 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 105 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.


Илова гардид, ки дар ин давра аз 125 намуд маҳсулоти асосӣ истеҳсоли 59 намуд ё 47,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Инчунин номгӯи намуди маҳсулоти саноатӣ низ зиёд шуд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлат содирот карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 дар 12,96 км роҳҳо таъмири асосию ҷорӣ гузаронида шуд.

 

Саъдулло МАҲКАМОВ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар/маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Июль 16, 2022 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд