Тоҷикистон ва Узбекистон муносибатҳои байнибуҷетӣ ва идоракунии қарзи давлатиро баррасӣ намуданд

Июль 19, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Узбекистон Дилшод Султанов, ки бо сафарӣ корӣ дар Душанбе қарор дошт, вохӯрӣ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молия.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба татбиқи барномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баргузории мубодилаи таҷриба миёни кормандони ду ниҳод дар самтҳои қонунгузории андоз, дурнамосозии даромади буҷети давлатӣ, муносибатҳои байнибуҷетӣ, идоракунии молияи давлатӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон дар доираи сафари корӣ муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Узбекистон Дилшод Султанов бо муовинони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва Сарвар Қурбониён мулоқот намуд, ки зимни он оид ба масъалаҳои идоракунии қарзи давлатӣ, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, пешбурди сиёсати фискалӣ, банақшагирии буҷети соҳаҳои иҷтимоӣ ва ғайра табодули назар сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҳамкорӣ барои соли 2022, ки дар заминаи татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Узбекистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, аз 13 то 16 июли соли 2022 ҳайати намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Узбекистон таҳти роҳбарии муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Узбекистон Дилшод Султанов бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 19, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти такрорӣ 96 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст