Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими қадршиносии ғолибону ҷоизадорони Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор гардид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 11 то 15 август бори нахуст дар шаҳри Душанбе Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор гардид.
Дар чемпионат 6 давлат аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва кишвари мизбон- Тоҷикистон дар ҳайати 60 нафар варзишгарон иштирок намуда, дар намуди фардӣ, ҷуфтӣ ва даставӣ рақобат намуданд.
Дар бозии финалии Чемпионати минтақавии Осиёи марказӣ оид ба бадминтон аз рӯйи рақобати инфиродӣ миёни ҷавонони то 15-сола ва рақобати ҷуфтӣ миёни бонувони то 17-сола сабқат доир гардид.
Дар фарҷоми мусобиқа аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собирзода, Президенти Конфедератсияи бадминтони Осиё Антон Субаво ва ноиби Президенти Федератсияи ҷаҳонии бадминтон Ҷассем Кансо ба ғолибон ва ҷоизадорон дар намуди фардӣ, ҷуфтӣ ва даставӣ ҷоизаҳо тақдим гардиданд.
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Муъминобод 200 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода соҳибкор муассисаи томактабӣ бунёд менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вахш муассисаҳои таълимию томактабӣ ва варзишгоҳи марказӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб сохтмони филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф идома дорад






