Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шоҳидро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳидро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассири СММ-ро дар умури байналмилалӣ, бахусус таъмини рушди устувор ва истиқрори сулҳу субот таъкид намуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030, ҳадафҳои рушди устувор ва вазъи имрӯзаи сайёраро муҳокима карданд.
Бо таъкиди алоқамандӣ ба идомаи ҳамкории судманду гуногунарса бо Созмон Сарвари давлати мо аз истифодаи минбари он барои муаррифии ташаббусҳои созанда ва ҳадафҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Саҳми хосаи Тоҷикистон дар пешбурди барномаҳои Созмон ва татбиқи онҳо таъкид гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъсиси Гурӯҳи ҷаҳонии вокуниш ба буҳрони ғизоӣ, энергетикӣ ва молиявии СММ, баргузории «Саммит оид ба дигаргунсозии маориф», «Саммити ҷаҳонии иҷтимоӣ», «Саммити ояндаи мо» ва пешбурди рӯзномаи оби СММ баррасӣ гардиданд.
Дар рафти мулоқот ба масъалаи мушкилоти тағйирёбии иқлим, офатҳои табиии марбут ба об, гармшавии ҳаво ва обшавии пиряхҳо, ки ҳамасола зарарҳои моливу моддии зиёд ба бор меоранд, таваҷҷуҳ зоҳир гардида, зарурати эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», таъсис додани «Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва эълони «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ба миён гузошта шуд.
Ҷонибҳо дар самти мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамкории муштараки кишварҳои аъзои Созмонро зарур донистанд.
Зимни баррасии вазъи Афғонистони ба мо ҳамсоя ҳамкории васеъ ва амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷиҳати идомаи расонидани кeмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар зарур шумурда шуд.
Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати истифодаи васеи имкониятҳои логистикиаш барои расонидани чунин кумак ба мардуми Афғонистон таъкид намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд






