Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

Август 9, 2022 07:40

ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар вилояти Суғд расман ифтитоҳ бахшиданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон моҳи августи соли 2004 бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Филиали Агентӣ аз маъмурият, бахши илмӣ-таҳқиқотӣ ва хизматрасониҳои техникӣ, бахши иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва вокуниш ба садамаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ иборат аст.

Бинои нави Филиали Агентӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба безараргардонӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 бунёд карда шудааст.

Бинои нави Филиали Агентӣ аз 3 ошёна, таҳхона, 2 ошёнаи болоӣ дар масоҳати қитъаи замини 607 метри мураббаъ иборат  буда, аз ҷониби муҳандис-бинокорони шуъбаи сохтмони асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта шудааст.

Сохтмони бинои Филиали Агентӣ моҳи майи соли 2021 оғоз ва моҳи июни соли 2022 анҷом ёфтааст.

Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраҳои кории кормандон, қабулгоҳ барои шаҳрвандон, ҳуҷраҳои кории секторҳои Филиали Агентӣ, бахши илмӣ-таҳқиқотӣ ва хизматрасониҳои техникӣ, сектори иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва вокуниш ба садамаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, толори маҷлисгоҳ ҷойгир карда шудаанд.

Дар ошёнаи дуюми бино толори барҳавои замонавӣ барои 40 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи махсус мавҷуд буда, барои фаъолияти Маркази матбуот ва Маркази омӯзишӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар таҳхона озмоишгоҳҳо ҷойгир карда шуда, дорои 4 ҳуҷраи корӣ мебошанд. Озмоишгоҳҳои радиохимия ва спектрометрия бо таҷҳизоти муосири ченкунии фони радиатсионӣ, дозаи радиатсионӣ ва гузаронидани таҳлилҳо, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ҳамчунин дар филиали Агентӣ озмоишгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд, ки бо мошинҳои махсус барои интиқоли маводу партовҳои радиоактивӣ ва муайян намудани гардиши ғайриқонунии маводи радиоактивӣ муҷаҳҳаз мебошанд

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бинои навбунёди филиали Агентӣ, шароити кории фароҳамоварда шинос шуда, таъкид доштанд, ки ин ниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва ҳамоҳангсози амнияти химиявӣ ва биологӣ нақши муҳим дорад.

Дар филиали Агентӣ 20 нафар кормандон, аз ҷумла докторон ва номзадҳои илм фаъолият менамоянд. Қисмати асосии кормандонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар марказҳои бонуфузи илмии мамлакатҳои пешрафта таҳсил ва аз таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд.

Бояд гуфт, ки филиали Агентӣ дар танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва ҳамоҳанг сохтани кор дар самти амнияти химиявӣ ва биологӣ дар вилояти Суғд нақши муҳим дорад.

Ифтитоҳи Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд 09.08.2022

Август 9, 2022 07:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд