ТЕННИС. Ғолибони Мусобиқаи 12-уми байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тайи 5 рӯзи рақобат дар сабқати инфиродӣ дар Мусобиқаи 12-уми байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни писарон ду ҷои аввалро варзишгарони Тоҷикистон ишғол намуданд. Сомон Амонов сазовори медали тилло ва Фарҳод Ғайратзода сазовори медали нуқра шуданд. Ҷои сеюм насиби варзишгари Покистон Муҳаммад Алӣ Ризвон Ҳайдар гардид, хабар дод сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба теннис Абдурасул Муҳиддинов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 6 август дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе Мусобиқаи 12-уми байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар мусобиқа варзишгарон аз 7 давлат — Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Покистон ва Шветсия иштирок карданд. Мусобиқа ба таври инфиродӣ ва ҷуфтӣ миёни писарону духтарон доир гардид.
Миёни духтарон ду ҷои аввал насиби намояндагони Қазоқистон шуд. Ҷои аввалро Данаия Амангажиева, ҷои дуюмро София Сафиулина сазовор шуданд. Медали биринҷиро варзишгари мо Аниса Яҳёева ба даст овард.
Дар сабқати ҷуфти писарон Сомон Амонов (Тоҷикистон) ва Муҳаммад Алӣ Ризвон Ҳайдар (Покистон) ғолиб шуданд. Медали нуқра насиби ҷуфти Қосим Аҳмадҷон/Фарҳод Ғайратзода (Тоҷикистон) гардид.
Миёни духтарон Данаия Амангажиева ва София Сафиулина (Қазоқистон) ҷои аввалро гирифтанд. Онҳо дар финал бар ҷуфти Ёсуман Салимова/Сумая Тухтаева (Тоҷикистон) пирӯз шуданд.
Нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 доир шуда, соли 2021 мусобиқа ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






