Ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тавсеа меёбад
ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ал-Решайдон мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Файзалӣ Идизода изҳор дошт, ки ҳамкорӣ дар сатҳи парлумонҳои ҳарду мамлакат тавсеа ёфта, табодул ва ҳамоҳангсозии афкор дар раванди қонунгузорӣ ба рушди робитаҳо сабаб мегардад.
«Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Арабистони Саудӣ қаноатмандем ва баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ менамоем», — гуфт Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон.
Ӯ илова намуд, ки механизми муҳими ҳамкорӣ миёни ду мамлакат Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мебошад.
Валид ибни Абдурраҳмон ал-Решайдон изҳор дошт, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи олӣ ва тақвияти муносиботи дуҷониба бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо аз ҳама имконот ва донишу маҳорат истифода менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
БАРНОМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба татбиқи он вохӯрӣ баргузор шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Форуми дуюми занони Осиё иштирок намуданд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд






