Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ дар Тоҷикистон бо иштироки 600 нафар доир мегардад
ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 октябр бори аввал дар Тоҷикистон Бозиҳои XVI-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки 600 нафар аз рӯи нӯҳ номина баргузор мегардад.
Тавре дар маркази матбуотии Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Бозиҳои XVI-уми Делфӣ аз рўи нӯҳ номина, яъне фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, созҳои нафасӣ, сарояндаи академӣ, анъанавӣ, эстрадӣ, рақси халқӣ ва аксбардорӣ дар муассисаҳои фарҳангии шаҳри Душанбе доир мешавад.
Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои омодагиву тадорукотӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани ин чорабинии байналмилалии фарҳангӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии вазорат, ҳайати эҷодиву маъмурӣ ва аз ҳисоби мутахассисони соҳа ситоди корӣ ташкил карда мешавад. Ситоди кории чорабинӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба омодагии чорабинии мазкур фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳар ҳафта ҷаласаи корӣ доир менамояд.
Ёдовар мешавем, ки масъули баргузории ин чорабинии байналмилалӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ буда, тартиб ва Низомномаи баргузории Бозиҳо дар сомонаи расмии Вазорат ва сомонаи Кумита ҷой дода шудааст.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ густариш меёбад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
Моҳи октябр дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад
Дар ёдгории таърихии замони Кушониён- Сайёд корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ оғоз ёфтанд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор бо шаҳомати хос баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд






