Дар Душанбе маросими қадрдонии бонувони ихтироъкори тоҷик доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати дар Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии ихтирои бонувон дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби медалҳои тилло ва биринҷӣ гардидани занҳои ихтироъкори тоҷик ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд, дар маросими тантанавӣ бонувони ихтироъкор барои дастовардҳояшон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 25 то 27 августи соли 2022 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии ихтирои бонувон «KIWIE – 2022» ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор тариқи ҳузурию маҷозӣ баргузор гардид.
Дар он бо ташаббус, мусоидат ва ҳамоҳангсозии Маркази миллии патенту иттилоот 6 нафар занҳои ихтироъкори Тоҷикистон бо ихтирооти сабтнамудаи худ тариқи ҳузурию маҷозӣ иштирок намуданд. 3 нафар занҳои ихтироъкори мамлакат: Фариза Ҳалимова, Мадина Кариева ва Муқаддас Қурбонова бо медали тилло, Саврибегим Ёрмамадова бо шоҳҷоиза (гранд-при) ва 2 нафари дигар — Зулфира Арабова ва Парвина Олимбойзода бо медали биринҷии ин намоишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки аз соли 2012 то соли 2022 дар ин намоишгоҳ 46 нафар занҳои ихтироъкори мамлакат бо пешниҳоди 53 ихтирои худ иштирок намуда, дар маҷмӯъ соҳиби 22 медали тилло, аз ҷумла 2 медали тиллоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 19 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ гардиданд.
АКС: Маркази миллии патенту иттилоот








Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад






