ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД. Ғолибони мусобиқа барои ҷоизаҳои Юсуф Абдусаломов муайян шуданд

Сентябрь 7, 2022 14:50

ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 сентябр дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи 2-юми ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод барои дарёфти ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Юсуф Абдусаломов баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои сардовари мусобиқа Абдурозиқ Олимов, дар мусобиқа 77 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштинҳо (UWW) дар 10 вазн миёни мардҳо доир гардида, ғолибону ҷоизадорон ба таври зайл муайян шуданд:

57кг

  1. Зиёдулло ҲУКУМАТОВ (Душанбе-1)
  2. Ҳусейн МАЛИКОВ (Душанбе-2)
  3. Бежан ХОҶАЛИЕВ (Хатлон-1)
  4. Носирҷон ТИЛЛОЕВ (Хатлон-2)

61кг

  1. Муҳаммад НАИМОВ (Душанбе-2)
  2. Қаюм ҲАЛИМОВ (Душанбе-1)
  3. Анвар САФАРОВ (Душанбе-2)
  4. Авазхон ҶАББОРОВ (Хатлон-2)

65кг

  1. Комрон ХОЛОВ (Душанбе-1)
  2. Ҳокимҷон ҲУСЕЙН (Душанбе-2)
  3. Муҳаммад САИДОВ (Хатлон-1)
  4. Умед ТИЛООЕВ (Душанбе-2)

70кг

  1. Алиризо БАҲРОМОВ (Душанбе-2)
  2. Юнус ЮНУСОВ (Душанбе-1)
  3. Ҳомидҷон РАҲМОНОВ (Хатлон-2)
  4. Шаҳром ГАНҶИЕВ (Душанбе-1)

74кг

  1. Саидасан АШРАФХОНОВ (Душанбе-2)
  2. Ислом ХОҶАЕВ (Душанбе-2)
  3. Афзалшо ЗАЙДУЛЛОЕВ (Душанбе-1)
  4. Наимҷон ИЛҲОМЗОДА (Хатлон-2)

79кг

  1. Муҳаммадамин АБДУЛЛОЕВ (Душанбе-2)
  2. Боқиҷон МУҚИМЗОДА (Суғд)
  3. Асрор МИРХОҶАЕВ (Душанбе-2)
  4. Мақсуд ДАВРОНОВ (Душанбе-2)

86кг

  1. Абдубашир БОБОҶОНОВ (Душанбе-2)
  2. Зоирҷон РАСУЛОВ (Душанбе-2)
  3. Саидаҳмад МАЛИКОВ (Душанбе-2)
  4. Алӣ ЮСУПОВ (Душанбе-2)

92кг

  1. Бахтовар ҒАФУРОВ (Душанбе-2)
  2. Саид САМИЕВ (Хатлон-2)
  3. Нуриддин ҲАЛИМОВ (Хатлон-1)
  4. Анушервон РОЗИҚОВ (Хатлон-2)

97кг

  1. Амирҷон САНГОВ (Душанбе-2)
  2. Саъдуддин ИБРОНОВ (Душанбе-1)
  3. Садриддин МАҚСУДОВ (Суғд)
  4. Фирӯз ҚОДИРЗОДА (Душанбе-2)

125кг

  1. Раҳмон МАҲМАДБЕКОВ (Душанбе-2)
  2. Саидактам ИБОДОВ (Душанбе-2)
  3. Рамазон ОЛИМОВ (ШНТМ)
  4. Расул ҚОДИРЗОДА (ШНТМ)

 

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР

Юсуф Абдусаломов 8 ноябри соли 1977 дар Доғистони Федератсияи Русия таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Доғистон мебошад. Аз 12-солагӣ ба гӯштин машғул шудааст.

Юсуф Абдусаломов дар давраи солҳои 2000-2013 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод буд ва соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин медали нуқра ба даст овард.

Ӯ ҳамчунин барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон (2007, Боку), медали нуқраи Бозиҳои Осиё (2002, Бусани Кореяи Ҷанубӣ), медали тилло (2003, Деҳлӣ) ва ду медали биринҷии (2008, 2012) Чемпионати Осиё, ғолиби Бозиҳои 5-уми Осиёи Марказӣ дар Душанбе (2003) мебошад.

Баъд аз анҷоми мартабаи варзишӣ дар ду давраи олимпӣ – аз соли 2013 то соли 2021 — сармураббии дастаи мунтахаби Лаҳистон оид ба гӯштини тарзи озод буд ва ноябри соли 2021 сармураббии дастаи мунтахаби Маҷористон оид ба гӯштини тарзи озод таъйин шуд.

Юсуф Абдусаломов 2 сентябри соли 2008 бо Ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардонида шудааст.

Акс: КМО Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2022 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот муайян шуданд
Дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд насби чароғу сутунпояҳо оғоз гардид
Имрӯз дар Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз мегардад
Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 530 медали тилло ба даст оварданд
Варзишгарони Вазорати мудофиа соҳиби 38 медали тилло гардиданд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Париж қарор дорад
Дар шаҳри Хоруғ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят мусобиқа оид ба волейбол идома дорад
Соли равон дар вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими миллии Қирғизистон пирӯз шуд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Тоҷикистонро аз намуди гӯштини ҷудо паҳлавонони шинохта муаррифӣ мекунад
Ваҳдат Ҳанонов фаъолияташро дар дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон давом медиҳад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ба шаҳри Парижи Фаронса сафар намуд