Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо Парки технологии «Билишим Вадиси»-и шаҳри Қунияи Туркия санади ҳамкорӣ ба имзо расонид

Сентябрь 8, 2022 08:48

ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.

Дар доираи сафар ҳайати Қуния бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мулоқот намуда, аз минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва дигар корхонаҳои саноатӣ дидан карданд.

Инчунин дар МОИ «КӮЛОБ» бо ҳайати шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти МОИ «Кӯлоб» вобаста ба имконияти тиҷоратию сармоягузории минтақаи мазкур ва дар маҷмӯъ шаҳри Кӯлоб маълумоти муфассал манзур намуд.

Дар доираи ташриф ба шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Мунисипалитети шаҳри Қуния, МОИ «Кӯлоб» ва Парки технологии «Билишим Вадиси», инчунин МОИ «Кӯлоб» ва Агентии рушди Мавлонои шаҳри Қуния (MEVKA) санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.


Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, аз 4 то 8 сентябр бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва дигар вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Туркия ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафарбар гардид.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия

Сентябрь 8, 2022 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо ҳолати кишти картошка шинос шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор мешавад