ҶОМИ ОСИЁ-2023. Футболбозони тоҷик дар бозии аввал бо дастаи мунтахаби Сингапур мусовӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 14 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I» оғоз шуд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Нахуст дастаҳои футболи мунтахаби Камбоҷа ва Лубнон вохӯриашонро дар ин гурӯҳ доир карданд. Дар ин бозӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Лубнон бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард. Голи ягонаи вохӯриро Муҳаммад Садек дар дақиқаи 10-уми бозӣ ба нишон расонид.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола
Гурӯҳи «I». Даври 1
14 сентябр (чоршанбе)
Камбоҷа 0:0 Лубнон
Гол: Муҳаммад Садек 10′
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев дар оғози марҳилаи интихобӣ бо ҳамсолони худ аз Сингапур бозӣ кард.
Вохӯрии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 анҷом ёфт. Футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷараёни рақобат аз як ҳолати ба амал омада- аз зарбаи пеналтӣ гол зада натавонистанд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола
Гурӯҳи «I». Даври 1
14 сентябр (чоршанбе)
ТОҶИКИСТОН 0:0 Сингапур
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 (U-20), ки аз 1 то 18 марти соли оянда дарҶумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Даври 2
16 сентябр (ҷумъа)
17:00 – Сингапур – Камбоҷа
20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН
Даври 3
18 сентябр (якшанбе)
17:00 – Лубнон – Сингапур
20:00 – ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа
P.S. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд






