ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, шанбе, 267-умин рӯзи соли 2022 аст

Сентябрь 24, 2022 08:00

24 сентябри соли 2009 дар ИМА миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзие, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, суҳбати озод баргузор гардид.

***

12 сол пеш, 24 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  оид ба Афғонистон, Сарвазири Япония ва Сарвазири Тайиланд мулоқот анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2004  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия нависандаи тоҷик Темур Зулфиқоров бо ҷоизаи адабиёти Россия- «Марғзори равшан» сарфароз гардонида шуд.

 24 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Камбоҷа – Рӯзи Конститутсия.

 РӮЙДОДҲО:

24 сентябри соли 2009 дар пойтахти Молдова – шаҳри Кишинев Форуми 4-уми эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

24 сентябри соли 1923 маҷмааи табъу нашри «Московская правда» таъсис дода шуд.

 

***

Дар ин рӯзи соли 1968 Свазиленд ба узвияти СММ қабул карда шуд.

***

24 сентябри соли 1972 дар раъйпурсии Норвегия 53,5% иштирокдорон ба муқобили шомилшавии мамлакат ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо овоз доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1998 дар Фаронса аввалин маротиба ҷарроҳии насб кардани дасти як нафар ба шахси дигар анҷом дода шуд.

Сентябрь 24, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш