АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ…Бостоншиносон дар шаҳраки Санҷаршоҳ зиёда аз 14 пораи деворнигораҳоро пайдо намуданд

Октябрь 16, 2022 11:45

ДУШАНБЕ, 16.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Б­­остоншиносон дар шаҳраки Санҷаршоҳ зиёда аз 14 пораи деворнигораҳоро пайдо намуданд.

Ҳамасола шурӯъ аз соли 2008 аз ҷониби бостоншиносони тоҷик ва ҳамкасбони хориҷии онҳо дар асоси шартнома миёни Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти швейтсариягӣ оид ба тадқиқоти Авруосиё дар ёдгории Санҷаршоҳи деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷакент ҳафриёт гузаронида мешавад, ки онро номзади илмҳои таърих Шарофиддин Қурбонов ва профессор Михаил Шенкар аз донишгоҳи Ибрии шаҳри Иерусалим роҳбарӣ мекунанд. Дар ҳафриёт инчунин бостоншиносони ҷавони тоҷик Фирӯз Аминов, Абдураҳмон Пулотов, Саидшоҳи Сангалӣ ва Муҳаммадҷон Юсупов ширкат варзидаанд.

Ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Абдураҳмон Пулотов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки «аз 7 то 28 сентябри соли равон дар маҷмааи қасри ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ гузаронида шуданд, ки мо ба омӯхтани толори азими дар қисми ҷанубу ғарбии маҷмааи қаср оғоз кардем. Дар замони мавҷудият толорро деворнигораҳо (расмҳои рӯи деворӣ), ки порчаҳои онҳо аз харобаҳо ёфт шудаанд, хеле зинат дода буданд. Бо шарофати хизмати заҳматталаб ва тоқатфарсои рассом-таъмиргарон Мария Жервэ аз Осорхонаи давлатии Эрмитажи Санкт-Петербург ва Манучеҳр Раҳмонов аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба мо муяссар шуд, ки қариб 14 порча деворнигораҳоро аз зери хок озод намоем».

Пажӯҳишҳои солҳои ахир дар ёдгории аввали асримиёнагии Санҷаршоҳи деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷакент нишон доданд, ки тақрибан соли 740-уми мелодӣ дар ин ҷой қасри муҳташаме бунёд ёфтааст. Шояд сохтмони қасри боҳашамат – ин натиҷаи сиёсати охирин ҳокими Уммавиёни Хуросон Наср ибни Сайёр (738-748) буд, ки пас аз шӯриши соли 722 ба суғдиён имкон дод, то ба ватан баргарданд.

Одатан дар меъмории Суғди бостон чунин қисмати ҳуҷраҳо барои тахт, яъне ҷои нишасти асосӣ бо тасвири бузурги худо мувофиқи тамоми қонунҳои санъати суғдӣ оро ёфта мешуданд. Тасвирҳо дар сатҳи баланди бадеӣ сохта шудаанд ва бештар аз ҳама, ба деворнигораҳои қасри Шаҳристон (Қалъаи Каҳкаҳаи I ) шабоҳат доранд. Дар ин ҷой тааҷҷубовар нест, зеро ҳам нақшаи худи қаср ва ҳам чӯби кандакорӣ аз Санҷаршоҳ ба нақшаи Шаҳристон хеле наздиканд. Бояд тазаккур дод, ки аввалин намунаи деворнигораҳо аз ёдгории мазкур солҳои 2019 ва 2021 дар деворҳои давраи якуми сохтмонӣ пайдо гардиданд.

«Мо дар мавсими оянда ният дорем, ки барои муайян кардани андозаҳои дақиқи «толори тахт» таҳқиқоти маҷмааи қасрро идома диҳем ва умедворем, ки он ба мо бозёфтҳои нави ёдгориҳои аҷиби санъати суғдӣ меорад»,-афзуд Абдураҳмон Пулотов.

АКС аз Шарофиддин Қурбонов

Октябрь 16, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар шаҳри Теҳрон «Шаби Тоҷикистон» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Фаронса мулоқот доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 30 патент барои ихтироъ ба даст оварданд
Филмҳои таҳиянамудаи «Тоҷикфилм» соҳиби 20 ҷоизаи байналмилалӣ гардиданд
Дар Теҳрон дар мавзуи «Мероси адабии Рӯдакӣ» нишасти илмию адабӣ баргузор гардид
«ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ». Кумитаи забон ва истилоҳот ба 330 муроҷиаткунанда барои номгузории фарзандон хулосаи рад дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 дар асоси Барномаи рушди кино 17 филм наворбардорӣ гардид
Таълимгирандагони «Ворисони Куруши Кабир» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Дар Тоҷикистон азнавбақайдгирии ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ оғоз шуд
АРҒУШТИ СИТОРАГОН БУВАД ДАР ЧАКАНАТ. Чаро баъзе аз духтарон дар пӯшидани либос ба фарҳанги бегона рӯ меоранд?
«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд