Дар Берлин густариши равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон ва вазъ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид

Октябрь 20, 2022 11:48

 ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳолати кунунии робитаҳои ҳасанаи дуҷониба ва таҳкими  ҳарчи бештари ҳамкории баъдӣ  миёни Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, амният ва дигар масоили мавриди эҳтимоми тарафайн дар меҳвари ин гуфтугӯ қарор доштанд.

Ҳамчунин дар атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Имомудин Сатторов таваҷҷуҳи дипломати олмониро ба равандҳои минтақавӣ, минҷумла таниши ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷалб карда, дар ин хусус таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буда, дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.

АКС: ВКХ ҶТ

Октябрь 20, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Азамшо Шарифӣ: «Дипломатияи «сабз» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Женева таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон» ҳамоиш доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Тошканд брифинг оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Вена оид ба энергетика ва иқлим муаррифӣ гардид
Консули генералии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид