Дар корхонаи дўзандагии «Лола»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 30 нафар занони хонашин бо кор таъмин шуданд

Октябрь 4, 2022 09:50

 ДУШАНБЕ, 04.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр  дар хиёбони Рӯдакӣ 156-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи дўзандагию истеҳсолии  «Лола» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он 30 нафар занони  хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» муовини Раиси ноҳияи мазкур Наргис Шарифзода.

«Корхонаи дўзандагию истеҳсолии  «Лола»  аввалин коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғул мебошад»,-гуфт Наргис Шарифзода.

Дар маросими ифтитоҳи корхона роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.    Зимни ҳамоиш занони ба кор ҷалбшуда  аз фароҳам овардани  чунин шароити хуби корӣ  ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ миннатдорӣ баён намуданд.


Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои таъмини занони хонашин бо шуғл пайваста тадбирҳои муассир меандешанд.

Аз ҷумла, 23 сентябри соли равон дар маҳаллаи  Азизбекови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки дар он омӯзиши ин навъи ҳунар ба ҷавондухтарон ва бонувон ба роҳ монда мешавад.

Тавре муовини Раиси ноҳия Наргис Шарифзода иттилоъ дод, марказ аз ҳисоби буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар он барои 20 нафар ҷавондухтарон ва бонувон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда мешавад.

 Акс: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Октябрь 4, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд