Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Россия оид ба футзал дар Душанбе бозии дӯстона доир мекунанд
ДУШАНБЕ, 14.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки аз рӯи натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт ба қатори панҷ тими беҳтарини мусобиқот шомил шуд, бо ноибқаҳрамони Аврупо – дастаи миллии футзали Россия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
7-8 ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Россия бозиҳои дӯстона баргузор мешаванд.
Бозиҳои дӯстона
7 ноябр (душанбе)
Оғоз соати 18:00
ТОҶИКИСТОН – Россия
Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ
8 ноябр (сешанбе)
Оғоз соати 18:00
ТОҶИКИСТОН – Россия
Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ
Акс: ФФТ








Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад






