Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Шуроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқавориро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 23, 2022 08:42

ДУШАНБЕ, 23.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Шуроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқавориро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳия бо дастгирӣ ва супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни пурифтихори миллӣ 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини бехатарии озуқаворӣ, рушди соҳаи чорводорӣ ва фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ ба кормандони соҳа бунёд ёфтааст.

Бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3-ошёна буда, дар ошёнаи якум барои ташхиси маҳсулоти гуштию ширӣ ва меваҷоту сабзавот озмоишгоҳ ва ҳуҷраҳои корӣ ташкил карда шудааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.

Дар ошёнаи якум ва дуюми бинои навтаъсис аз рӯи лоиҳа 10 ҳуҷраи корӣ барои кормандон, дар ошёнаи 3-юм маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва меҳмонхонаи замонавӣ бо 5 рахти хоб сохта шудааст, ки аз чунин шароити фароҳамгардида мутахассисону кормандони марказ метавонанд самаранок истифода намоянд.

Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти муосир ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бунёди бинои муосири хизматрасонӣ ва ташкили озмоишгоҳи замонавӣ барои кормандон имконият фароҳам месозад, ки онҳо дар чунин шароит донишу малакаи худро баҳри таъмини бехатарии озуқаворӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна касалиҳо сироятӣ ва ҳифзи солимии ҷомеа истифода намоянд.
Ифтитоҳи бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 23.10.2022

Октябрь 23, 2022 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ вусъат меёбанд
Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 107 адад расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ вусъат меёбанд
Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Бо ҷалби волонтёрон дар пойтахт ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд
Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён 171 иншоот бунёд карда мешавад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд