Дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Россия баррасӣ гардид

Ноябрь 25, 2022 15:36

ДУШАНБЕ, 26.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон вохӯрии ҳайати тиҷоратии вилояти Кургани Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Президенти Иттифоқи Палатаи савдо ва саноати вилояти Курган Иля Назаренко бо муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов доир гардид, ки зимни он вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни палатаҳои ду кишвар баррасӣ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷониби роҳбарияти Палата ба меҳмонон оид ба вазъи иқтисодии кишвар, фазои мусоиди сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили намоишгоҳҳои тахассусию универсалӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани маҳсулоти ватанӣ дар вилояти Кургани Федератсияи Россия маълумот пешниҳод гардид.

Дар вохӯрӣ инчунин Раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Фарҳод Расулзода ва намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Латифӣ иштирок намуда, доир ба иқтидори содиротии вилояти Хатлон ва инчунин имконият дар самти рушди сайёҳии кишвар маълумот пешниҳод намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯ ба сатҳи баланди муносибатҳои тарафайн анҷом ёфта, ҷонибҳо доир ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Федератсияи Россия дар чаҳорчӯби бахши тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати ҶТ

Ноябрь 25, 2022 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ