«НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ». Дар Душанбе дар ин мавзӯъ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти миллӣ, таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Ин матлабро муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Зиёдулло Абдулзода зимни баргузории конференсияи илмӣ-назариявии «Нақши Иҷлосияи сарнавиштсоз дар рушди илму маорифи кишвар» дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маоиф ва илм хабар доданд.
Дар конференсияи мазкур сардорону кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, инчунин омӯзгорони якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Дар зарфи 30 соле, ки миллати тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд, соҳаи маориф низ ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Хусусан дар тӯли 30 сол бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ба таври чашмрас афзоиш ёфт. Агар соли 2000 ба соҳаи маориф 37 миллиону 425 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2022 ба 6 миллиарду 304 миллиону 25 ҳазор сомонӣ расид. Яъне, маблағузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим имсол нисбат ба ММД 6 фоиз ва нисбат ба хароҷоти буҷет 18,6 фоизро дар бар мегирад.
Ҳамзамон дар ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳо ва ташкилоти хориҷӣ 130 созишнома ва барномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ба имзо расонид. Дар асоси санадҳои мазкур зиёда аз 40 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллии кишвар зарурӣ дар 38 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид






