ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, чоршанбе, 327-умин рӯзи соли 2022 аст
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2019/01/Takvim-Tochiki.jpg)
23 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро имзо карданд.
***
7 сол пеш, 23 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Федератсияи Россия созишномаи байниҳукуматӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани намояндагии муштараки хадамоти гумрук тасдиқ намуд.
23 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Қазоқистон- Рӯзи полиси роҳ.
***
Дар Ҷопон – Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат.
РӮЙДОДҲО:
23 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса баргузор гаштанд.
***
23 ноябри соли 1877 ИМА ба Канада барои ҳуқуқи моҳигирӣ ва дарёгардии доимӣ дар дарёи Лаврентияи муқаддас 5,5 млн доллар пардохт кард.
***
Дар ин рӯзи соли 1939 дар Олмон барои фурӯши хӯроки ҳайвоноти хонагӣ меъёр ҷорӣ гардид.
***
23 ноябри соли 1980 дар натиҷаи заминларза дар Италияи Ҷанубӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
23 ноябри соли 1981 дар Чин ба тиҷорати хусусӣ иҷозат дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2006 дар Тоҷикистон аввалин Намоиши байналмилалии саноати хӯроквории «Inter Food Tajikistan — 2006» баргузор гардид.
***
Соли 1998 дар шаҳри Бирмингеми Англия аввалин оркестри мусиқии калонтарин дар таърих, ки аз 3503 нафар мусиқинавоз иборат буд, ҳунарнамоӣ кард.