Темур Раҳимов дар Чемпионати Аврупо оид ба дзюдо дар Гурҷистон Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад

Ноябрь 25, 2022 13:32

ДУШАНБЕ, 25.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Гории Гурҷистон Чемпионати Аврупо миёни бузургсолон оид ба дзюдо (European Judo Championships — Champions League (W&M) 2022) баргузор мегардад, ки дар он ягона намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон- Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг иштирок мекунад, хабар доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Дар чемпионат рақобатҳо аз рӯи 10 вазн (5 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) миёни 161 варзишгар аз 26 кишвари ҷаҳон доир мешаванд.

Ҳоло Темур Раҳимов миёни сангинвазнҳо дзюдочии рақами яки ҷаҳон аст. Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз 4 то 6 ноябр бо иштироки 391 варзишгар (227 мард, 164 зан) аз 63 кишвар доир шуд, Тоҷикистонро 12 нафар варзишгарони шинохта намояндагӣ карданд ва танҳо ба Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг муяссар шуд, ки соҳиби медалҳои фахрии ин мусобиқа шаванд.

Мавриди зикр аст, ки чанде пеш бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов хонаи дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароити рӯзгор дар шаҳри Душанбе ва ба Муллораҷаб Халифаев 100 000 сомонӣ ба хотири боло бардоштани ливои меҳан дар мусобиқаи ҷаҳонӣ инъом карда шуд.

Бояд гуфт, ки аз ин пеш, яъне 26 октябри ҳамин сол Темур Раҳимов дар Мусобиқаи байналмилалии «Abu Dhabi Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Ин медали 4-уми Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои байналмилалии Гранд Слам дар соли 2022 мебошад. Ӯ дар Гранд Слами Телавив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Инчунин Темур Раҳимов дар мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардид ва мавқеашро ҳамчун варзишгари рақами яки сайёра нигоҳ дошт.

АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо

Ноябрь 25, 2022 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд