Дастаи «Бешкент» ғолиби Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои духтаронаи то 15-сола шуд

Декабрь 2, 2022 09:43

ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо пирӯзии дастаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар қисми ниҳоии мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои духтаронаи то 15-сола  оид ба футбол анҷом ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мусобиқаи имсолаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои духтаронаи то 15-сола дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд. Дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқот чордаҳ даста ба ду гурӯҳ- «А» ва «Б» ҷудо шуданд. Тибқи натиҷаи бозиҳои минтақавӣ, аз ҳар гурӯҳ се даста ба қисми ниҳоии мусобиқа баромада, муборизаро барои медалҳо давом доданд.

Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои «Панҷшер» ва «Зебо» мубориза бурданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ- 0:0 хотима ёфт Дар силсилазарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 бахт ба рӯи дастаи «Панҷшер» хандид

«Бешкент» дар вохӯрии ҳалкунандаи чемпионат бар дастаи «Бунҷикат» бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.

Дар маросими ҷамъбасти чемпионат Директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, Директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ва муовини Раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ширкат доштанд.

Аз рӯи ҷамъбасти чемпионат Марҷона Маматқулова аз тими «Бунҷикат» беҳтарин дарвозабон гардид. Ҷоизаи нишонзани беҳтаринро Улҷамол Элмуродова («Бешкент»), ки ба дарвозаи рақибон 71 гол задааст, аз худ кард. Эркин Нормуродов («Бешкент») беҳтарин мураббии чемпионат ва Маҳлиё Ҷумъақулова («Бунҷикат») беҳтарин бозигар дониста шуданд.

Акс: ФФТ

Декабрь 2, 2022 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд