30 ТАРМА ДАР ЯК СОАТ. Дар роҳи Душанбе — Чаноқ бо шиддат гирифтани бориши барф хавфи фаромадани тармаҳои нав мавҷуд аст

Январь 11, 2023 11:09

ДУШАНБЕ, 11.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 январ дар давоми як соат аз километри 53 то 81-уми роҳи Душанбе-Чаноқ қариб 30 тармаи хурду калон фаромад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Илова бар ин, бориши барф торафт шиддат гирифта, хавфи фаромадани тармаҳои нав мавҷуд аст»,- тазаккур дод манбаъ.

Бо назардошти ин, дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мазкур муваққатан манъ карда шуд.

«Аз субҳи барвақти 11 январ дар масири Душанбе — Чаноқ бартарафсозии тармаҳо, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш шурӯъ гардида, кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, то роҳи мазкур ҳарчӣ зудтар кушода шавад»,-таъкид намуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 10 январ то 14 январи соли равон бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Россия дар қисмати бештари қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво сард мешавад ва барфи шадид меборад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 11, 2023 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд