Ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Душанбе моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон тафсир карда шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳон мақомоти дахлдорро зарур аст, ки бо баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷавононро аз шомилшавӣ ба равияҳои ифротгаро боз дошта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд. Ин матлаб зимни вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баён гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Вохӯрии мазкур бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он аъзои гурӯҳи корӣ ва роҳбарияту кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва сохторҳои низомии пойтахт иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода иброз дошт, ки бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони ин соҳа бо ташаббуси Сарвари давлат аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Дар охири соли 2022 бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар бонкҳои кишвар 13 миллиард сомониро ташкил дод. Масъулин бо ёдоварӣ аз суханронии Сарвари давлат зимни ироаи Паём изҳор доштанд, ки рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати мамлакат тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд. Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз Парлумони ҷумҳурӣ талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки Президенти Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба мақомоти милитсия дар Паёми навбатӣ иброз намуданд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, «мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».
АКС: Шуъбаи иттилотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад






