Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он масъалаҳои стратегие, ки мавҷуданд, боз ҳам мукаммалтар гардида, ба самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷӣ масъалаҳои нав ворид карда мешаванд. Нақши Паём дар дастовардҳои имрӯзаи мо хеле муҳим аст.
Дар ин бора имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода зимни тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамзамон мавсуф иброз намуд, ки соли 2022 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.
«Албатта, вазифаҳои дарпешистода, ки дар Паёми навбатӣ дарҷ карда шудаанд, аз ҷумла саноатикунонии мамлакат, таъмини амнияту суботи ҷумҳурӣ, мудофиа, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва ғайра аз мо талошу заҳматҳои дучанд талаб менамоянд»,- афзуд Зариф Ализода.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ доир ба нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ, аз ҷумла боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, соҳаи маориф, зан ва ҷомеа, аз ҷумла дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи оромӣ ва осудагии давлат ва дигар паҳлӯҳои Паём сухан гуфт.


Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов, Раиси комиссияи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани пешниҳодҳои Шӯро ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои ҷумҳурӣ Рафиқа Мусоева ва дигар аъзои Шӯро иштирок намуданд.
Иштирокдорон роҷеъ ба амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани робитаи зичи волидайн бо омӯзгорон дар раванди таълиму тадрис, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъват ва ихтиёран сафарбаркунии онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила муаррифии кишвар ба оламиён, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занон дар ҷомеа, ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти олии Тоҷикистон дар ҳалли масоили обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, инчунин мусоидат ба рушди соҳаи саноати мамлакат ва дигар масъалаҳои марбут ба беҳсозии шароити зисти аҳолӣ суҳбатҳои самимиву судманд анҷом доданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид






