Дар шаҳри Турсунзода иди Сада бошукӯҳ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса иди Сада таҷлил карда шуд. Дар ҷашнгоҳ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрас, зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва дигар маҳсули дасти бонувони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Дар намоишгоҳи идона маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати марди деҳқон ва дигар дастовардҳои кишоварзони шаҳр пешниҳоди сокинон карда шуданд.
Мардум бо рӯҳияи баланди идона аз ҷашни Сада истиқбол гирифтанд, то пайки ин ҷашни ориёӣ мададгори кишоварзон шуда, ба рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмўъ, ободкорӣ мусоидат намояд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Сада аз ҷовидонии Хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ бо фарҳанги куҳанбунёди худ саҳми муассир дорад. Мояи сарфарозист, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намудаанд, аз нав эҳё гардида, аз ҷониби мардум ба хубӣ пазируфта шуданд. Аз ҷумла, миёни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни милливу мардумӣ-Наврӯз, Меҳргон ва Сада баланд мебошад.
Аз таҷлили бошукӯҳи Сада дар шаҳри Турсунзода бармеояд, ки суннатҳои ин ҷашни ниёгони мо ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари мамлакат ба ҳукми анъанаи неки мардум даромадааст ва тамоми сокинони кишвар онро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд.
Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик буда, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ҷашни Сада марбут ба замони пеш аз ориёиҳо буда, аз замони шоҳони асотирии пешдодиён, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола дорад, сарчашма мегирад. Ин ҷашни ниёгони мо ба мисли ҷашни Наврӯзу Меҳргон ҷашни ободкорӣ ва кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа маросими онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ мекунанд.
АКС: МИҲД шаҳри Турсунзода








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Гӯшаи китоби Покистон» ба истифода дода шуд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Рим осорхонаи Леонардо да Винчиро тамошо намуданд
Имрӯз дар Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбанд
Дар Рӯзҳои кинои тоҷик дар Беларус се филми ҳунарӣ намоиш дода мешавад
Вазири корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳои Ҷумҳурии Сейшел дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид






