Дар Суғд барои кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагон машғулияти омӯзишӣ доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 29.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд барои кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагон дар мавзӯи баланд бардоштани иқтидори содирот ва кор бо ҳуҷҷатҳои дар ин самт дахлдор машғулияти омӯзишӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи мазкур хабар доданд.
Тазаккур дода шуд, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи бизнес-инкубатсия, ки аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) маблағгузорӣ мешавад, барои соҳибкорони вилояти Суғд машғулият дар мавзӯъҳои баланд бардоштани иқтидори содирот ва масъалаҳои марбут ба андозбандӣ мутобиқи Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар портали электронии Кумитаи андоз доир намуд.
Дар машғулияти омӯзишӣ зиёда аз 20 нафар соҳибкорон ва аъзои Палата иштирок намуда, дониши худро дар мавзуъҳои зикршуда такмил доданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба соҳибкорон имкон медиҳад, ки донишҳои худро оид ба талаботи зарурӣ дар соҳаи содироти маҳсулот ва масъалаҳои андозбандӣ такмил дода, онҳо ба саволҳои худ аз коршиносон ҷавобҳои мушахас мегиранд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






